Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

"Ҳам худаш ҷон бохт, ҳам тифлаш." Достони Кубро ва ҳамтақдирони ӯ

Дата публикации: 14-08-2026 08:44:30

"Мо ҳамеша барои ӯ ғусса мехӯрем. Ҳеч гоҳ он рӯзҳои сахтро фаромӯш намекунем." Як зани ҷавон дар Афғонистон мегӯяд, хоҳараш Куброи 22-сола ҳангоми ба дунё овардани тифл аз хунравии зиёд ҷон бохт. Кӯдакаш ҳам зинда намонд.

Основное содержимое страницы с новостью.

"Мо ҳамеша барои ӯ ғусса мехӯрем. Ҳеч гоҳ он рӯзҳои сахтро фаромӯш намекунем." Як зани ҷавон дар Афғонистон мегӯяд, хоҳараш Куброи 22-сола ҳангоми ба дунё овардани тифл аз хунравии зиёд ҷон бохт. Кӯдакаш ҳам зинда намонд.

"Мо ба сахтӣ барояш дору ва мева мехаридем. Хоҳарам ҳомила шуд. Камхунӣ дошт. Дар давраи пешини бордорӣ ҳам як кӯдакашро аз даст дода буд," – нақл кард ӯ.

Афғонистон, кишваре бо сатҳи болои фавти модарон дар ҷаҳон. Фақру зербунёди заиф ва камбуди пизишкон дар ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон боис ба марги занони зиёде ҳангоми бордорӣ ва ба дунё овардани тифлон гаштааст.

Ин вазъ баъди бозгашти гурӯҳи "Толибон" ба қудрат дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 боз ҳам бадтар шуд. Созмони Милал мегӯяд, аз ҳар 100 ҳазор мавриди таваллуд, дастикам 600 зан дар Афғонистон ҷони худро аз даст медиҳанд.

Аммо намояндагони ҳукумати "Толибон", ки ба расмият шинохта нашудааст, мегӯянд, ин нишондод дар асл хеле поинтар аст. "Бино ба оморе, ки дар даст дорем, соли 2025 ҳудуди 200 модар ҳангоми таваллуди кӯдак ҷон додаанд. Ҳадафи мо наҷоти ҳар яке аз онҳост, аммо даре, ки то ҳол мушкилот вуҷуд дорад," – гуфт Шарофат Замон, сухангӯи Вазорати тандурустии "Толибон".

Ба гуфтаи нозирони байнулмилалӣ, ҳукумати саркӯбгари "Толибон" омилҳои хатарзоро барои ҳаёт ва саломати занон бештар кардааст. Аз ҷумла, дар замони ҳукуматдории ин гурӯҳи ифротгаро фаъолияти баъзе аз созмонҳои тандурустии ғайридавлатӣ дар Афғонистон манъ шуда, манбаъҳои сармоягузории байнулмилалӣ низ қатъ гардиданд.

"Толибон" ба пизишкони мард иҷоза намедиҳанд, ки занонро муоина ва муолиҷа кунанд. Ҳарчанд баъзе аз занон ҳанӯз дар бахши тиб дар Афғонистон кор мекунанд, манъи таҳсили занону духтарон роҳи ворид шудани мутахассисони навро ба соҳа гирифтааст.

Занон дар Афғонистон, инчунин, ба василаҳои пешгирӣ аз ҳамл дастрасии кофӣ надоранд ва ин хатари таваллудҳои пайдарпайро бештар мекунад. Набила мегӯяд, модараш ҳангоми таваллуди фарзанди ҳаштум ҷони худро аз даст дод.

"Ин иттифоқи бад ба модари худам рух дод, ки дар ҷараёни таваллуд ҳам худашон ва ҳам тифлакашон ҷони худро аз даст доданд. Бахусус ҳоло, ки дар замони "Толибон" ин мушкилот зиёд шудааст. Бисёре аз занон ва кӯдакони навзоди онҳо аз камғизоӣ ранҷ мекашанд ва ҳангоми таваллуд мефавтанд. Далелаш таваллуди пайдарпай, вазъияти номуносиб ва таваллуд дар хона мебошад," – афзуд ӯ.

Набудани шаффофият дар мавриди саломати занон дар Афғонистон метавонад маънои онро дошта бошад, ки сатҳи воқеии фавти модарон аз омори расмӣ баландтар аст.

Тавре хонаводаҳои осебдида аз ин гуна фоҷиаҳо медонанд, мушкилоти Афғонистон, ки зери таъсири низоми саркӯбгар бештар шудаанд, занонро бо хатари воқеӣ рӯ ба рӯ мекунанд.

Видеоро дар Инстаграм бинед:

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1Шаҳрдори Файзободи Бадахшон дар як ҳамла кушта шуд05.0413-08-2026
2Латифи Пидром: Манзур аз тағйир ин нест, ки "Калашников" бигиранд0715-08-2026
3Эрон ва Фаронса дипломатҳои якдигарро ихроҷ карданд06.9419-08-2026
4Сарнагунии Кобул. Рӯзе, ки "Толибон" Афғонистонро зери даст гирифт09.1315-08-2026
5Ҷумъахон Фотеҳ бо ҳамроҳонаш ба Толибон "таслим шудааст"04.2317-08-2026
6На границе Таджикистана с Афганистаном ликвидировали двух наркокурьеров011.9622-08-2026
7Путин: США влезли в Афганистан, не считаясь с культурой и реалиями этой страны0013-10-2021
8Помпео призвал Кабул использовать переговоры в Дохе для всеобъемлющего прекращения огня0012-09-2020
9Командующий войсками США в Афганистане: Вашингтон не должен забывать о республике0004-07-2021
10Zozanê Huserê ku li ser ewran e, pêşwaziya mêvanên xwe dike01025-07-2026

Классификация: . Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 10. Тональность: 0. Информативность: 7.61. Источник: www.ozodi.org.