Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

Як мақоми эронӣ гуфтааст, барои тамдиди оташбас "гуфтугӯ надорем"

Дата публикации: 13-08-2026 05:26:46

Як мансабдори баландпояи эронӣ рӯзи 12-уми август ба хабаргузории "Рейтерс" гуфтааст, барои тамдиди оташбас миёни Ҷумҳурии Исломӣ ва Амрико ягон музокира ҷараён надорад.

Основное содержимое страницы с новостью.

Як мансабдори баландпояи эронӣ рӯзи 12-уми август ба хабаргузории "Рейтерс" гуфтааст, барои тамдиди оташбас миёни Ҷумҳурии Исломӣ ва Амрико ягон музокира ҷараён надорад.

"Рейтерс" ба номи ӯ ишора накардааст. Ин мақом гуфтааст, "аз нигоҳи Теҳрон, ин созиш асосан таърихи оғози муайяне надошт ва бинобар ин, чизе барои тамдид вуҷуд надорад."

Ин изҳорот пас аз он матраҳ шуд, ки хабаргузории "Анадолу"-и Туркия рӯзи 12-уми август ба нақл аз манбаъҳо дар ҳукумати Покистон гузориш дод, ки Теҳрон ва Вашингтон дар бораи тамдиди оташбаси 60-рӯза созиш кардаанд.

Тафоҳумномаи Амрико ва Эрон "таваққуфи фаврӣ ва доимии амалиёти низомӣ дар ҳама ҷабҳаҳо"-ро эълон карда буд, аммо ба суръат аз ҳам пошид. Доналд Трамп рӯзи 7-уми июл гуфт, "созиш тамом шудааст". Дертар Вазорати корҳои хориҷии Эрон ҳам эълон кард, ки “созиш боздошта шуд”.

Интизор мерафт, ки тавофуқ барои 60 рӯзи дигар тамдид шуда, тайи он Эрон ва Амрико ба як созиши ниҳоӣ барои маҳдуд кардани барномаи ҳастаии Теҳрон ва бекор кардани таҳримҳо алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ даст пайдо кунанд.

"Яке аз масъалаҳое, ки аз тариқи миёнҷиҳо дар ҳоли музокира аст, бозгашти Амрико ба созиши муваққат ва муайян кардани як ҷадвали замонӣ барои иҷрои уҳдадориҳо аст. Дар ин бора ҳеч пешрафте ҳосил нашудааст," – гуфтааст ҳамсуҳбати “Рейтерс”.

Ин хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки Муҳсин Нақавӣ, вазири корҳои дохилии Покистон ба Теҳрон сафар карда, бо раисҷумҳур ва вазири корҳои хориҷии Эрон мулоқот ва гуфтугӯ кардааст.

Эрон ва Амрико ҳамчунон дар мавриди даст ёфтан ба поёни доимии ҷанг дар Халиҷи Форс ихтилоф доранд.

Амрико Эронро муттаҳам мекунад, ки уҳдадориҳои худро дар чорчӯби ин созиш барои бозкушоии тангаи Ҳурмуз иҷро накардааст.

Теҳрон ҳам мегӯяд, Вашингтон аз ваъдаҳои худ, аз ҷумла рафъи муҳосираи бандарҳои Эрон ва озод кардани дороиҳои бандмондаи ин кишвар, ақибнишинӣ кардааст.

Гӯшаҳо

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1Наманганда имомларнинг хотинларидан ҳижобни ечиш талаб қилинди08.0820-08-2025
2Ҷумъахон Фотеҳ бо ҳамроҳонаш ба Толибон "таслим шудааст"04.2317-08-2026
3Prezident temiryo‘lchilarni kasb bayrami bilan tabrikladi08.9801-08-2026
4Дирекция: Андижонда фермер ерлари хитойликларга бериладими?07.715-01-2026
5Шаҳрдори Файзободи Бадахшон дар як ҳамла кушта шуд05.0413-08-2026
6"Режим ҳама чиро аз ман гирифт." 15 соли зиндон ба Ялдо Муайярӣ09.5717-08-2026
7“Аз соли 1995 ба самти худкомагӣ ҳаракат кардем”010.4222-08-2026
8Татаристон раҳбари Ўзбекистон фуқаролари ҳалок бўлгани муносабати билан Шавкат Мирзиёевга ҳамдардлик билдирди06.0211-08-2026
9В Душанбе заявили, что российско-таджикские учения учтут обстановку на юге региона0028-07-2021

Классификация: Международные. Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 9. Тональность: 0. Информативность: 6.6. Источник: www.ozodi.org.