Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

Созмони Милал: 2,4 млн духтар дар Афғонистон аз таҳсил маҳруманд

Дата публикации: 12-08-2026 05:24:23

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки ҳудуди 2,4 миллион духтар дар Афғонистон аз соли 2021, пас аз бозгашти Толибон ба қудрат, аз таҳсилоти миёна маҳрум шудаанд.

Основное содержимое страницы с новостью.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ҳудуди 2,4 миллион духтар дар Афғонистон аз соли 2021, пас аз бозгашти гурӯҳи "Толибон" ба қудрат, аз таҳсилоти миёна маҳрум шудаанд.

ЮНЕСКО, Бунёди омӯзиш, илм ва фарҳанги Созмони Милал, гуфтааст, шумори духтарони маҳрум аз таҳсил нисбат ба соли гузашта 200 ҳазор афзоиш ёфта, агар ин маҳдудият идома пайдо кунад, то соли 2030 теъдоди чунин духтарон мумкин аст ба наздики чаҳор миллион нафар бирасад.

Ба гузориши хабаргузории "Франс Пресс", ЮНЕСКО хоҳони бозгардонидани фаврии ҳаққи омӯзиши духтарон шуда, "табъиз алайҳи занон ва духтарон"-ро дар Афғонистон маҳкум кардааст.

Як духтари мактабхон дар Афғонистон. Акс аз бойгонӣ.

Як духтари мактабхон дар Афғонистон. Акс аз бойгонӣ.

Бар асоси ин гузориш, ҳукумати "Толибон" дар оғози рӯйи кор омадан, ваъдаи ҳукуматдории муътадил дода буд, аммо пас аз он маҳдудиятҳои густурдае бар занон ҷорӣ кард. Ҳоло рафтани занон ба донишгоҳҳо, паркҳои умумӣ, марказҳои варзишӣ ва толорҳои зебоӣ мамнуъ аст.

Духтарон дар моҳи марти соли 2022 аз рафтан ба мактабҳои миёна ва литсейҳо низ манъ шуданд ва дар поёни ҳамон сол, донишгоҳҳо низ ба рӯи духтарон баста шуд.

ЮНЕСКО гуфтааст, ин маҳдудиятҳо дастовардҳои ду даҳаи гузашта дар бахши омӯзишро дар Афғонистон аз байн бурдааст. Дар ҳоле ки то соли 2001 ва поёни нахустин давраи ҳукумати "Толибон", дастрасӣ ба таҳсил бисёр маҳдуд буд, пас аз сарнагунии он ҳукумат то соли 2021 наздик ба як миллион духтар ба таҳсилоти миёна фаро гирифта шуданд.

Ҳудо Ҷобириён, ҳамоҳангкунандаи Барномаи омӯзиш дар шароити изтирорӣ дар созмони ЮНЕСКО, гуфтааст, "духтарон ва занони Афғонистон ҳаққи омӯзиш доранд ва ин ин як ҳаққи асосии инсонӣ аст".

Ӯ афзудааст, "онҳо ҳаққи кор кардан доранд ва бояд аз озодии рафтуомад бархӯрдор бошанд".

Як синфхонаи дарсӣ дар вилояти Кундузи Афғонистон. 8 октябри соли 2021. Акс аз бойгонӣ.

Як синфхонаи дарсӣ дар вилояти Кундузи Афғонистон. 8 октябри соли 2021. Акс аз бойгонӣ.

ЮНЕСКО гуфтааст, мамнуияти омӯзиши духтарон зиёни иқтисодии қобили таваҷҷуҳе низ ба Афонистон ворид кардааст. Ва маҳдудиятҳо алайҳи занон то соли 2066 ҳудуди 9,6 миллиард доллар ба иқтисоди Афғонистон зарар ворид кунад.

Тибқи ин гузориш, бахши омӯзишии Афғонистон низ бо бӯҳрон рӯбарӯ аст ва беш аз ниме аз кӯдакон дар сини мактаби ибтидоӣ ба таври комил аз таҳсил маҳруманд.

ЮНЕСКО гуфтааст, ки беш аз 90 дарсади кӯдакони 10-сола дар Афғонистон наметавонанд як матни одиро бихонанд.

Набуди оби ошомиданӣ ва имкониятҳои беҳдоштӣ, ин бӯҳронро печидатар кардааст. Ҳодисаҳои табиӣ, заминларзаҳое, ки дар солҳои ахир Афғонистонро ба таври пайи ҳам осеб задаанд, низ ваъиятро бадтар кардаанд.

Ин ниҳоди СММ гуфтааст, ки аз соли 2023 то кунун беш аз ҳафт миллион афғон ба кишвар бозгашта ё ба таври маҷбурӣ бозгардонида шудаанд. Мавзуе, ки фишор бар низоми омӯзишии Афғонистонро бештар кардааст.

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1Шаҳрдори Файзободи Бадахшон дар як ҳамла кушта шуд05.0413-08-2026
2Тоҷикистон аз аввали сол то ҳоло 882 нафарро ба Афғонистон ихроҷ кардааст09.0115-05-2026
3Сарнагунии Кобул. Рӯзе, ки "Толибон" Афғонистонро зери даст гирифт09.1315-08-2026
4Латифи Пидром: Манзур аз тағйир ин нест, ки "Калашников" бигиранд0715-08-2026
5Ҷумъахон Фотеҳ бо ҳамроҳонаш ба Толибон "таслим шудааст"04.2317-08-2026
6СМИ: более 18 млн человек в Афганистане срочно нуждаются в гуманитарной помощи0012-07-2021
7Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 17 қочоқбар кушта шудаанд016.3513-07-2026
8СМИ: ополчение Афганистана отбило у талибов часть провинции Баглан0020-08-2021
9Талибы считают, что Афганистан может вскоре стать региональным экономическим центром0019-12-2021

Классификация: . Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 9. Тональность: 0. Информативность: 12.56. Источник: www.ozodi.org.