Роҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар бораи рушди бесобиқаи зерсохторҳои соҳа дар яку ним соли гузашта гуфт, ки ба сифати интернет ва алоқа таъсири муассир доштааст
https://sputnik.tj/20260930/surat-internet-hamroh-tojikiston-panj-marotiba-afzoish-1080840387.html
Суръати интернети дар Тоҷикистон панҷ маротиба афзоиш ёфтаст
Суръати интернети дар Тоҷикистон панҷ маротиба афзоиш ёфтаст
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар бораи рушди бесобиқаи зерсохторҳои соҳа дар яку ним соли гузашта гуфт, ки ба сифати интернет ва алоқа таъсири муассир доштааст
2026-09-30T16:46+0500
2026-09-30T16:46+0500
2026-09-30T18:55+0500
дар тоҷикистон
интернет
алоқа
хадамоти алоқа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/04/1079458834_0:276:3072:2004_1920x0_80_0_0_e66fb2b999bc72447360988fee497a54.jpg
ДУШАНБЕ, 30 сен - Sputnik. Суръати тавсеаи зерсохтҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон дар нимаи нахусти соли 2026 дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта, 70 дарсад афзоиш ёфт. Дар ин бора сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло дар Форуми минтақаии Иттиҳоди байнулмилалии алоқаи барқӣ барои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ дар Душанбе изҳор дошт. Вай афзуд, дар ҳамин росто, миёнгини суръати интернети ҳамроҳ дар кишвар дар муқоиса бо оғози соли 2025, наздик ба панҷ баробар шудааст. “Ҳамчунин, бар асоси додаҳои рутбабандии байналмилалӣ, миёнгини суръати интернети собит дар Тоҷикистон тайи як соли гузашта ҳудуди 35 дарсад афзоиш ёфтааст”, - гуфт раиси Хадамоти алоқа. Ба қавли ӯ, дар канори тавсеаи зерсохтҳои заминӣ, зарфиятҳои иртибототи моҳвораӣ низ густариш меёбанд. Вай афзуд, ҳамаи ин иқдомот танҳо бо ҳадафи тавсеаи бахши иртиботот анҷом намешаванд, балки ҳадафи ниҳоии онҳо, фароҳам кардани дастрасии густардатари шаҳрвандон, бизнес ва ниҳодҳои давлатӣ ба имконоти навини диҷитал аст. “Ин талошҳо, сармоягузорӣ дар ояндаи диҷитали кишвар, густариши фурсатҳо барои шаҳрвандони мо ва фароҳамсозии шароите аст, ки дар он, фановариҳои навин, аз ҷумла ҳуши маснуӣ, битавонанд барои ҷомеа ва иқтисоди кишвар суди амалӣ ба ҳамроҳ дошта бошанд”, - гуфт Исфандиёри Саъдулло. Хотиррасон мекунем, ки рӯзҳои 29 ба 30 сентябр дар шаҳри Душанбе маҷмуи чорабиниҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа, рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ба кори худ оғоз кард, ки бо пуштибонии Иттиҳодияи байналмилалии мухобирот (ITU) – и Созмони Милали Муттаҳид баргузор мешавад. Ин бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ИБАБ) барои рушди минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуда, ҳамзамон дар ҳошияи он ҷаласаи муштараки Шурои сарони маъмурияти алоқаи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа (ИМСА) ва Шурои ҳамоҳангсози давлатҳои иштирокчии ИДМ баргузор мегардад. Қаблан дар кишвар солҳои 2025 то 2030 ба унвони солҳои тавсеаи иқтисоди диҷитал ва навоварӣ эълом шудаанд.
https://sputnik.tj/20260930/barrasi-tekhnologiya-raqam-dushanbe-nihodhoi-aloqa-barqi-idm-1080832667.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
252
60
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
252
60
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
252
60
1920
1080
true
1920
1440
true
1920
1920
true
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
252
60
Sputnik Тоҷикистон
дар тоҷикистон, интернет, алоқа, хадамоти алоқа
дар тоҷикистон, интернет, алоқа, хадамоти алоқа
16:46 30.09.2026 (Навсозишуда: 18:55 30.09.2026)
Обуна шудан
Роҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар бораи рушди бесобиқаи зерсохторҳои соҳа дар яку ним соли гузашта гуфт, ки ба сифати интернет ва алоқа таъсири муассир доштааст
ДУШАНБЕ, 30 сен - Sputnik. Суръати тавсеаи зерсохтҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон дар нимаи нахусти соли 2026 дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта, 70 дарсад афзоиш ёфт.
Дар ин бора сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло дар Форуми минтақаии Иттиҳоди байнулмилалии алоқаи барқӣ барои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ дар Душанбе изҳор дошт.
“Ҳамзамон, зерсохтҳои иртиботии насли панҷум низ ба таври пайваста дар кишвар тавсеа меёбанд. Дар ҳоли ҳозир, иҷрои марҳила ба марҳилаи фановарии насли панҷум, мавсум ба 5G, ва густариши пӯшиши он идома дорад”, - гуфт Исфандиёри Саъдулло.
Вай афзуд, дар ҳамин росто, миёнгини суръати интернети ҳамроҳ дар кишвар дар муқоиса бо оғози соли 2025, наздик ба панҷ баробар шудааст.
“Ҳамчунин, бар асоси додаҳои рутбабандии байналмилалӣ, миёнгини суръати интернети собит дар Тоҷикистон тайи як соли гузашта ҳудуди 35 дарсад афзоиш ёфтааст”, - гуфт раиси Хадамоти алоқа.
Ба қавли ӯ, дар канори тавсеаи зерсохтҳои заминӣ, зарфиятҳои иртибототи моҳвораӣ низ густариш меёбанд.
“Дар соли 2026, ироаи хадамоти интернети моҳвораии Starlink дар Тоҷикистон расман оғоз шуд. Ин амр, фурсатҳои бештаре барои иттисоли манотиқи дурафтода ва саъбулубури кишвар ба интернет фароҳам мекунад”, - гуфт Исфандиёри Саъдулло.
Вай афзуд, ҳамаи ин иқдомот танҳо бо ҳадафи тавсеаи бахши иртиботот анҷом намешаванд, балки ҳадафи ниҳоии онҳо, фароҳам кардани дастрасии густардатари шаҳрвандон, бизнес ва ниҳодҳои давлатӣ ба имконоти навини диҷитал аст.
“Ин талошҳо, сармоягузорӣ дар ояндаи диҷитали кишвар, густариши фурсатҳо барои шаҳрвандони мо ва фароҳамсозии шароите аст, ки дар он, фановариҳои навин, аз ҷумла ҳуши маснуӣ, битавонанд барои ҷомеа ва иқтисоди кишвар суди амалӣ ба ҳамроҳ дошта бошанд”, - гуфт Исфандиёри Саъдулло.
Хотиррасон мекунем, ки рӯзҳои 29 ба 30 сентябр дар шаҳри Душанбе маҷмуи чорабиниҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа, рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ба кори худ оғоз кард, ки бо пуштибонии Иттиҳодияи байналмилалии мухобирот (ITU) – и Созмони Милали Муттаҳид баргузор мешавад.
Ин бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ИБАБ) барои рушди минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуда, ҳамзамон дар ҳошияи он ҷаласаи муштараки Шурои сарони маъмурияти алоқаи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа (ИМСА) ва Шурои ҳамоҳангсози давлатҳои иштирокчии ИДМ баргузор мегардад.
Қаблан дар кишвар солҳои 2025 то 2030 ба унвони солҳои тавсеаи иқтисоди диҷитал ва навоварӣ эълом шудаанд.
| # | Наименование новости | Тональность | Информативность | Дата публикации |
|---|---|---|---|---|
| 1 | Суръати интернет дар кишварҳои Осиёи Марказӣ | 0 | 4.68 | 26-09-2026 |
| 2 | Додгоҳи фармоишӣ: чаро Тоҷикистон аз Асосномаи Рум хориҷ мешавад? | 0 | 7.74 | 25-09-2026 |
| 3 | Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшту тухм зиёд шудааст | 0 | 6.4 | 28-09-2026 |
| 4 | Боз дар низоми энергетикии осиёи марказӣ садама технологӣ ба қайд гирифта шуд | 0 | 5.63 | 26-09-2026 |
| 5 | Мақомот дар ҳашт моҳ барои пардохти нафақаву ёрдампулӣ беш аз 3,3 млрд сомонӣ масраф кард | 0 | 13.77 | 29-09-2026 |
| 6 | Аз афзоиши таваррум то болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон: Омори ҷадиди мақомот | 0 | 5.72 | 26-09-2026 |
| 7 | Сохтмони манзил дар Тоҷикистон қариб ба миллион метри мураббаъ расид: Суғд пешсаф | 0 | 7.35 | 29-09-2026 |
| 8 | Тоҷикистон бори аввал дархост барои узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои Амнияти СММ пешниҳод кард | 0 | 8.86 | 27-09-2026 |
| 9 | Дар Тоҷикистон шумораи бемориҳои сироятӣ коҳиш, аммо паразитӣ афзудааст | 0 | 4.44 | 28-09-2026 |
| 10 | Тоҷикистон барои бунёди марказҳои логистикӣ сармоягузор меҷӯяд | 0 | 9.18 | 25-09-2026 |