Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

КҲФ-Суғд:Санҷидани лавҳаҳои огоҳкунанда вобаста ба пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ

Дата публикации: 12-06-2026 18:33:35

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба риояи қоидаҳои оббозӣ, андешидани чораҳои зарурӣ дар мавсими оббозӣ ва ташкили истироҳати тобистонаи кудакон ва наврасон дар соли 2026  аз ҷониби масъулини Шуъбаи ҳифзи аҳоли ва ҳудуди Раёсат, шуъбаву бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен  насби лавҳаҳои огоҳкунанда  вобаста ба пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар мавзеъҳои барои оббозӣ хатарноки ҳудуди дарёи Сир, обанбори “Баҳри Тоҷик” инчунин  ҳолати омодагии урдугоҳҳои бачагона ва ҳавзҳои шиноварӣ, чораҳои   андешидашуда ҷиҳати роияи талаботҳои бехатарӣ дар шаҳру ноҳияҳои болозикр аз назар гузаронида шуд.
    Маълум гардид, ки пас аз дастрас гардидани огоҳномаҳои Раёсат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳаткунундагон ва пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ  аз тарафи масъулини маконҳои истироҳатӣ тадбирҳо роҳандозӣ гардида дар мавзеъҳои барои оббозӣ хафнок лавҳаҳои огоҳкунанда насб карда шудааст. Лекин мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки баъзан ҳолатҳо шаҳрвандон маҳз дар ҷойҳои манъшуда машғули шиноварӣ мегарданд, ки ин ҳолат метавонад ба ҳаёти онҳо хатар эҷод намояд.
  Бинобар ин аз тарафи  намояндагони Раёсат ва шуъбаву бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо баҳри беназорат нагузоштани кудакону наврасон дар ҳудуди кулу дарё, обанборҳо ва ба оббозӣ машғул нагардидан дар мавзеъҳои ношинос   корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
 Ҳамзамон, дар байни истироҳаткунандагон дар соҳили обанбори “Баҳри Тоҷик” оид ба рияои қоидаҳои болозикр ва бо соҳибони нақлиётҳои обие, ки дар ҳудуди баҳри мазкур фаъолият мебаранд, вобаста ба риояи ҳатмии техникаи бехатарӣ, мавҷуд будани  лавозимотҳои наҷотдиҳӣ, аз меъёри муайяншуда зиёд нагирифтани  истироҳаткунандагон ба нақлиётҳои обӣ ва  бо суръати баланд идора накардани он тавсияҳои муфид дода шуд.
Мақсад аз ташкили чунин чорабиниҳо пеш аз ҳама паст кардани сатҳи ҳолатҳои ғарқшавӣ дар байни аҳолӣ  мебошад.
 
барчасп: Ахбори рӯзРаёсати Суғд

Основное содержимое страницы с новостью.

КҲФ-Суғд:Санҷидани лавҳаҳои огоҳкунанда вобаста ба пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ
Чоп шуд: 12/06/2026 | admin

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1КҲФ: Ҳамкориҳо бозҳам тақвият ёфтаанд016.811-04-2026
2КҲФ-ВМКБ: ТАДБИРҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ҒАРҚШАВӢ 018.9402-07-2026
3 Дар МИҲБ КҲФ ҷаласаи корӣ оид ба ҳисоботи ҲФ баргузор гардид015.5513-06-2026
4КҲФ-Суғд: САЙҚАЛИ ДОНИШУ МАЛАКА 018.2602-07-2026
5КҲФ-Хатлон: Наҷотдиҳандагон 3 шаҳрвандонро аз ғарқшавӣ наҷот доданд020.9814-06-2026
6КҲФ: ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА ОИД БА ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ СОЛИ 2026016.1813-07-2026
7КҲФ-СУҒД: Ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якуми соли 2026016.710-04-2026
8КҲФ: ХАБАРИ ФАВРӢ НАҶОТДИҲАНДАГОН ЯК НАФАР ШАҲРВАНДИ РОССИЯРО АЗ КУҲ НАҶОТ ДОДАНД018.0911-07-2026
9КҲФ-ВМКБ: ДАРЁФТИ ҶАСАДИ РАИСИ ВИЛОЯТ ВА ИДОМАИ КОРҲОИ ҶУСТУҶӮИ РУЙИОБӢ ВА ЗЕРИОБӢ 015.430-06-2026
10Ҷаласаи XVII Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода015.9813-07-2026

Классификация: Пресс-релизы. Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 10. Тональность: 0. Информативность: 17.35. Источник: www.khf.tj.