Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

КҲФ-Хатлон: Наҷотдиҳандагон 3 шаҳрвандонро аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Дата публикации: 14-06-2026 03:37:38

Шаҳрвандон  Қосимов Ф., соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Ёрзоди А., соли  таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Зиёев М., соли  таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи Абдураҳмони Ҷомӣ, санаи 13-июни соли 2026 тахминан соатҳои 21:25 дақиқа ҳангоми истироҳат кардан дар соҳили дарёи Вахш ва баланд шудани сатҳи оби дарё дар муҳосираи об мемонанд. Яъне аз чор тараф оби дарё баланд гардида, (дар даруни дарё) дар болои санг дар мемонанд. 
   Баъди гирифтани хабари фаврӣ гурӯҳи наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамалӣ наҷотдиҳии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон тахминан соати 22:40 дақиқа  ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардида, бо истифода аз дастгоҳу лавозмоти махсуси наҷотдиҳӣ ва ғаввосӣ шаҳрвандонро аз муҳосираи об ва ғарқшавӣ наҷот доданд.
  Ёдовар мегардем, ки дар ин давраи мавсими шиноварӣ аллакай наҷотдиҳандагони Кумита 9 шаҳрвандро аз ҳолати ғарқшавӣ наҷот додаанд. Ёддовар мегардем, ки қаблан наҷотдиҳандагон 6 шаҳрвандро аз ҳолати ғарқшавӣ наҷот дода будаанд
   Вобаста ба ҳолатҳои мазкур Кумита бори дигар ба шаҳрвандон муроҷиат менамояд, ки худсарона дар мавзеҳои мамнӯъ ва хатарнок ба истироҳату фароғат ҷалб нагарданд. 
 
 

барчасп: Ахбори рӯзРаёсати ХатлонНаҷот

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1КҲФ: Ҳамкориҳо бозҳам тақвият ёфтаанд016.811-04-2026
2КҲФ-Суғд:Санҷидани лавҳаҳои огоҳкунанда вобаста ба пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ 017.3512-06-2026
3 Дар МИҲБ КҲФ ҷаласаи корӣ оид ба ҳисоботи ҲФ баргузор гардид015.5513-06-2026
4КҲФ-ВМКБ: ТАДБИРҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ҒАРҚШАВӢ 018.9402-07-2026
5КҲФ-Суғд: САЙҚАЛИ ДОНИШУ МАЛАКА 018.2602-07-2026
6КҲФ: ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА ОИД БА ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ СОЛИ 2026016.1813-07-2026
7КҲФ-СУҒД: Ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якуми соли 2026016.710-04-2026
8КҲФ: ХАБАРИ ФАВРӢ НАҶОТДИҲАНДАГОН ЯК НАФАР ШАҲРВАНДИ РОССИЯРО АЗ КУҲ НАҶОТ ДОДАНД018.0911-07-2026
9КҲФ-Зафаробод: Ду наврас ҳангоми оббозӣ ба ҳалокат расиданд017.9413-06-2026
10КҲФ-ВМКБ: ДАРЁФТИ ҶАСАДИ РАИСИ ВИЛОЯТ ВА ИДОМАИ КОРҲОИ ҶУСТУҶӮИ РУЙИОБӢ ВА ЗЕРИОБӢ 015.430-06-2026

Классификация: В стране. Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 10. Тональность: 0. Информативность: 20.98. Источник: www.khf.tj.