Вход на сайт

Просмотр новости

Найдите то, что Вас интересует

КҲФ: Ҳамкориҳо бозҳам тақвият ёфтаанд

Дата публикации: 11-04-2026 11:29:58

Дар доираи таҷлили Рӯзи мудофиаи гражданӣ, Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимият, аз ҷумла Раёсати оташнишонӣ, Шӯъбаи корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, Хадамоти ёрии таъҷилӣ ва ризокорони Кумита ва бо дастгирии Фонди Тоҷикистонии Оғохон (ФТО), дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров машқи муштараки идоракунии ҳолатҳои фавқулодда (SIMEX) баргузор карда шуд.
Машқи мазкур бо мақсади мустаҳкам намудани сатҳи омодагӣ ва баланд бардоштани қобилияти вокуниш ба офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда роҳандозӣ гардид.
Дар ҷараёни машқи мазкур унсурҳо мутобиқ ба машқҳо илова карда шуд. Бахусус, хомӯш кардани сӯхторҳои шартӣ, наҷоти зарардидагон ва расонидани ёрии аввалини тиббиро амалӣ намуданд. Ҳамзамон, аъзои ҷомеаи маҳаллӣ ҳамчун “зарардидагон” дар машқ иштирок намуда, ба воқеият наздик сохтани сенарияҳои ҳолатҳои фавқулодда саҳм гузоштанд.
Қобили зикр аст, ки машқи мазкур дар доираи лоиҳаи «Ташаббуси рушди сарҳадӣ байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардида, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ гардидааст. Дар доираи ҳамин лоиҳа, Фонди Тоҷикистонии Оғохон (ФТО) 8000 литр сӯзишвориро барои дастгирии татбиқи лоиҳаҳои хурди коҳиши хавфи офатҳо ва баланд бардоштани устувории маҳаллӣ ҷудо намуд.
Дар нимаи дуюми рӯз маросими расмии супоридани таҷҳизоти наҷотдиҳӣ ба дастаи минтақавии наҷот баргузор гардид. Таҷҳизоти мазкур низ дар доираи лоиҳа харидорӣ шуда, бешубҳа ба таҳкими иқтидори дастаҳои вокуниши минтақавӣ дар муқобили таъсири тағйирёбии иқлим мусоидат хоҳад кард.

барчасп: Ахбори рӯзМудофиаи гражданӣРаёсати Суғд

Основное содержимое страницы с новостью.

КҲФ: Ҳамкориҳо бозҳам тақвият ёфтаанд
Чоп шуд: 11/04/2026 | redaktor

Схожие новости

#Наименование новостиТональностьИнформативностьДата публикации
1КҲФ-Суғд:Санҷидани лавҳаҳои огоҳкунанда вобаста ба пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ 017.3512-06-2026
2КҲФ-Суғд: САЙҚАЛИ ДОНИШУ МАЛАКА 018.2602-07-2026
3 Дар МИҲБ КҲФ ҷаласаи корӣ оид ба ҳисоботи ҲФ баргузор гардид015.5513-06-2026
4КҲФ: ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА ОИД БА ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ СОЛИ 2026016.1813-07-2026
5КҲФ-ВМКБ: ТАДБИРҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ҒАРҚШАВӢ 018.9402-07-2026
6КҲФ-Хатлон: Наҷотдиҳандагон 3 шаҳрвандонро аз ғарқшавӣ наҷот доданд020.9814-06-2026
7КҲФ-СУҒД: Ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якуми соли 2026016.710-04-2026
8КҲФ: ХАБАРИ ФАВРӢ НАҶОТДИҲАНДАГОН ЯК НАФАР ШАҲРВАНДИ РОССИЯРО АЗ КУҲ НАҶОТ ДОДАНД018.0911-07-2026
9КҲФ-Зафаробод: Ду наврас ҳангоми оббозӣ ба ҳалокат расиданд017.9413-06-2026
10КҲФ-ВМКБ: ДАРЁФТИ ҶАСАДИ РАИСИ ВИЛОЯТ ВА ИДОМАИ КОРҲОИ ҶУСТУҶӮИ РУЙИОБӢ ВА ЗЕРИОБӢ 015.430-06-2026

Классификация: Информация. Схожих патентов: 0. Схожих новостей: 10. Тональность: 0. Информативность: 16.8. Источник: www.khf.tj.